Дастури Раисӣ барои кумак ба мардуми зилзилазадаи Афғонистон
(last modified Fri, 24 Jun 2022 10:47:09 GMT )
Июн 24, 2022 15:47 Asia/Dushanbe
  • Дастури Раисӣ барои кумак ба мардуми зилзилазадаи Афғонистон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Ҳилоли Аҳмар ва устонҳои Систону Балучистони Эрон ва Хуросони Ҷанубӣ бояд кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми зилзилазадаи Афғонистон суръат бахшанд.

Зилзилае бо қудрати 6. 1 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Риштер) бомдоди чаҳоршанбе ҷануби шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ларзонд.

Ин зилзила дар 44 километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51 километрии замин рух дод.

Барасоси эъломи мақомҳои расмии Афғонистон, ин заминларза мунҷар ба ҷон бохтани беш аз ду ҳазору 500 нафар ва низ маҷруҳ шудани 620 нафар шудааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар Шӯрои идории Хуросони Шимолӣ (шимоли шарқи Эрон) бо арзи таслият ба мардуми зилзилазадаи Афғонистон гуфт: Бар асоси омор, ин ҳодиса то кунун беш аз 2 ҳазору 500 фавтӣ доштааст ва масъулон дар ростои кумак ба мардуми мазлум, мусулмон ва доғдидаи ин кишвар талош кунанд.

Раисӣ баён кард, вазифаи инсонии мост, ки ба мардуми мазлуми Афғонистон, ки солҳо таҳти ситами НАТО ва Амрико қарор доштанд ва ин рӯзҳо ҳам гуруҳҳои террористӣ ба ҷони мардуми ин кишвар афтодаанду амнияти ин кишварро мухтал кардаанд, имдодрасонӣ кунем.

Ӯ идома дод: Мо солҳост, ки мизбони мардуми ин кишвар ҳастему аврупоиҳо бо вуҷуди тамомии иддаоҳо, ҳеҷ кумаке ба мардуми ин кишвар накардаанду Эрони исломӣ нишон додааст, ки ҳамвора дар канори мардуми мазлуму ситамдида қарор дорад.