Падофанди ҳавоии артиши Эрон дар минтақа ва дунё як қудрат маҳсуб мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i87634
Фармондеҳи Неруи падофанди ҳавоии артиш дар боздид аз минтақаи падофанди ҳавоии ғарб, пешрафти падофанди ҳавоии кишварро омили қудрати боздорандагии он донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 24, 2022 17:01 Asia/Dushanbe
  • Падофанди ҳавоии артиши Эрон дар минтақа ва дунё як қудрат маҳсуб мешавад

Фармондеҳи Неруи падофанди ҳавоии артиш дар боздид аз минтақаи падофанди ҳавоии ғарб, пешрафти падофанди ҳавоии кишварро омили қудрати боздорандагии он донист.

Сартип Алиризо Сабоҳифард дар боздид аз минтақаи падофанди ҳавоии ғарби Эрон гуфт, бахши зиёде аз таҷҳизоти падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бумӣ ҳастанд ва падофанди ҳавоии артиши Эрон дар минтақаву дунё ба унвони як қудрат шинохта мешавад.

Сабоҳифард тасреҳ кард, дар даврони ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон, Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аз тамоми таҷҳизоте, ки душман тасаввур мекард тавони истифода аз онҳоро надорем, бар алайҳи худашон истифода кардем.