Июн 26, 2022 08:24 Asia/Dushanbe
  • Маросими муъорифаи сардор Козимӣ ба унвони раиси созмони иттилооти Сипоҳ

Бо ҳузури фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ маросими муъорифаи раиси созмони иттилооти сипоҳ баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ойини такриму муъорифаи сардори посдор Муҳаммади Козимӣ- раиси созмони иттилооти сипоҳ бо ҳузури сардори сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Абдуллоҳи Ҳоҷисодиқӣ-намояндаи Валии фақеҳ дар сипоҳ ва ҷамъе аз фармондеҳону масъӯлини Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва сипоҳу ҷомеъаи иттилоотии Эрон рӯзи шанбе дар маҳалли ситоди фармондиҳии кулли Сипоҳ баргузор шуд .
Дар ин маросим Муҳаммади Козимӣ ба унвони муовини фармондеҳи кул ва раиси созмони иттилооти Сипоҳ муаррифӣ шуд ва аз муҷоҳидатҳои содиқонаву талошҳои арзанда ва муваффақи ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Ҳусайни Тоиб дар роҳбарии созмони иттилоот таи 13 соли гузашта, ки муваффақиятҳо ва дастовардҳои бузурге дар ҳавзаи амнияти миллӣ ва боздорандагии иттилоотии Эрон, муқобилаи нуфузу ҷосусӣ ва бархурд бо муфсидони калони иқтисодӣ рақам задааст, таҷлилу тақдир ба амал омад .
Ҳамчунин бо ҳукми сарлашкар Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳ, Ҳусайни Тоиб  ба унвони мушовири олии фармондеҳи кулли Сипоҳ муаррифӣ шуд .

 

Барчасп