Қадрдонии Ҳололи Аҳмари Афғонистон аз кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба зилзила занагон
(last modified Tue, 28 Jun 2022 07:24:33 GMT )
Июн 28, 2022 12:24 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳӯрии Исломии Эрон чанд маҳлулаи кумакҳои инсондӯстона ба зилзила задагони афғон ирсол кардааст
    Ҷумҳӯрии Исломии Эрон чанд маҳлулаи кумакҳои инсондӯстона ба зилзила задагони афғон ирсол кардааст

Ҳилоли Аҳмари афғонистон аз кумакҳои инсондӮстонаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба зилзила задагони афғон, қадрдони кард.

Ҷумҳӯрии Исломии Эрон чанд маҳлулаи кумакҳои инсондӯстона ба зилзила задагони афғон ирсол кардааст.

Бар асари заминҷунбиши чанд рӯзи пеш дар манотиқи мухталифи вилояти Пактико ва Хост дар шарқи Афғонистон, беш аз ҳазору 500 найфар кушта ва ду ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон аз маноқи зилзила задагони Афғонистон Мулонуриддини Тӯробӣ муови ни Ҳилоли Аҳмари Афғонистон дишаб (душанбе) дар дидор бо Ҳомиди Саҷҷодӣ сарпарасти ҳайати эъзомии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон  ба афғонистон дар маркази вилояти Пактико гуфт: Мизони тахриб ва осебҳои ношӣ аз зилзила болост ва аз ҷамиъияти Ҳололи Аҳмари Эрон мехоҳем дар идомаи кумак ба осеб дидагон бо мо ҳамроҳ бошад.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон аз 15-уми авсгуст 2021, Амрико ба баҳонаи воҳи таҳримҳои сангинро алайҳи ин кишвар эъмол кард, ки ҳамвора бо вуҷӯди ҳушдорҳо дар бораи бӯҳрони инсонӣ дар ин кишвар монеъе барои ҳаргӯна кумакрасони будааст. Амрико ҳамчунин, ҳудӯди 10 миллиард доллар аз дороиҳои Афғонистонро блук ва тасоҳуб кардааст.

Саҷҷодӣ низ бо ироаи гузорише аз кумакҳои сурат гирифтаи Эрон ба зилзила задагон гуфт: Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар канори мардуми осебдида аз зилзилазадаи Афғонистон аст.

Нерӯҳои Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба имдодрасонӣ дар манотиқи зилзилазадаи шарқи Афғонистон машғул ҳастанд.

Чанд рӯз аз зилзилаи маргбори Афғонистон дар вуилояти Хост ва Пактико мегузарад ҳанӯз бисёре бепаноҳ ва гурӯсна ҳастанд.

Бештар бихонед: