Амрико нияти ҷиддӣ дошта бошад, тавофуқ дур аз дастрас нест
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз хутути қирмизи худ ақиб наменишинем, гуфт, агар Амрико нияти ҷиддӣ дошта бошад, тавофуқ дар ин давр аз музокирот дар дастрас аст.
Даври ҳаштуми музокирот дар Вена дар бораи лағви таҳримҳо, ки аз 27 декабри 2021 оғоз шуда буд, 11 марти 2022 ба пешниҳоди Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо вориди як давра танаффус шуду музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.
Аз он замон то кунун раванди музокирот ба далели тааллул дар тасмимгирии Амрико барои ҷуброни иқдомоти ғайриқонунии ин кишвар дар қиболи Эрону БарҶом мутаваққиф шудааст.
Музокирот барои лағви таҳримҳо аз рӯзи сешанбе дар Давҳа, пойтахти Қатар оғоз шудааст.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, ки барои ширкат дар нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ҳавзаи Хазар дар Туркманистон ҳузур дорад, шомгоҳи сешанбе дар ҷамъи коркунони Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ишқобод ва хонаводаҳои онҳо ба ташреҳи гуфтугӯҳои ҷорӣ дар Давҳа барои рафъи таҳримҳо пардохт.
Ӯ гуфт, ба амрикоиҳо мутазаккир шудем, ки агар масири қатъномаро пеш бираванд, дастбаста боқӣ нахоҳем монд ва аз онҳо хостем дар масири сиёсӣ гуфтугӯҳо дунбол шавад то ба нуқтаи тавофуқ барои рафъи таҳримҳо бирасем ва битавонем дар Вена ин мавзуъро эълом кунем.