Июн 30, 2022 16:22 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Хазар дарёӣ дусти ва ҳамкории байни кишварҳо аст
    Раисӣ: Хазар дарёӣ дусти ва ҳамкории байни кишварҳо аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз сафар ба Туркмаснитон ва бозгашт ба Теҳрон гуфт, бояд ҳамаи кишварҳои соҳилӣ бо ҳам ҳамкори дошта бошанд зеро дарёи Хазар дарёи дусти ва ҳамкории байни кишвароҳ ва миллатҳои атрофи он аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон чоршанбе дар сарварии ҳайти баландпоя ба даъвати Сардор Бердимуҳаммадов, раиси Ҷумҳурии Тукрмаснион ба Ашқобод сафар кард.

Раисӣ илова бар ҳузур дар иҷлоси сарони кишварҳои дарёи Хазар бо сарони кишварҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон ва Русия низ дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ: Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи дастовардҳои ин сафар изҳор кард, дарёи Хазар мутаъалиқ ба миллатҳои ин минтақа аст ва мудирияти он ҳам бар асоси мудирияти муштараки кишварҳои соҳилии ин дарё хоҳад буд.

Раисӣ бо баёни ин ки бояд ҳамаи кившарҳои соҳилӣ бо ҳам ҳамкори дошта бошанд афзуд: Дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, фарҳантӣ ва муҳити зист, киштиронӣ, гардишгарӣ, моҳипарварӣ ва ҳавзаҳои мухталиф бояд ҳамкории байни кишварҳои соҳилии дарёи Хазар сурат гирад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба конвенсия ва режими ҳуқуқии дарё, иҷро шудани ин режими ҳуқуқиро мубтани бар тақсими хати мабда донистанд ва таъкид кард, хати мабада метавонад баҳрабардонии одилонаро аз дарёи Хазар барои кишварҳои мухталиф ба вижа Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар ҳавзаҳои соҳилӣ дороӣ мушклилоте аст фароҳам кунад.

Раисӣ ҳамчунин аз тарҳи пешниҳоди мизбонии Эрон барои ҳафтумин иҷлоси кишварҳои соҳилии дарёи Хазар ва мавриди истиқбол қарор гирифтани ин тарҳ аз сӯи кившарҳои ҳозир дар ин иҷлос ва ҳаминтавр фаъол шудани дабирхонаи конвенсияи муҳити зистӣ дар Эрон хабар дод.

 

Барчасп