Вазири хориҷаи Эрон: Арзёбии мо аз музокироти Давҳа мусбат аст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон музокироти Давҳаро мусбат арзёби карду гуфт: Дар сурати воқеъбинии Амрико тавофуқ дастёфтани аст.
Пас аз поёни ду рӯз музокира дар Давҳаи Қатар Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва шайх Муҳаммад ибни Абдураҳмон оли Сонӣ, вазирони хориҷаи Эрон ва Қатар дар бораи охирин вазъияти музокираи се ҷонибаи ғайри мустақими (Эрон-Иттиҳодияи Аврупо-Амрико) дишаб чоршанбе гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Амир Абудллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни ташакур аз ҳусни мизбонии Қатар марҳалаи ахири музокиротро дар Давҳа мусбат донист ва таъкид кард: Мо барои расидан ба тавофуқи хуб, қави ва пойдор ҷидди ҳастем ва дар сурати воқеъбинии Амрико тавофуқ дастёфтани аст.
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Музокиракунандаи аршади мо ҳамроҳ бо ибтикори амал ва дар масири таҳаққуқи тавофуқи қобили қабул гоп бар медорад ва мо дар идомаи музокирот то расидан ба тавофуқи мубтани бар воқеъ бини мусамам ҳастем.
Шайх Муҳаммад ибни Абдураҳмон оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар низ ба унвони мизбони ин давра аз музокироти се ҷонибаи ғайри мустақим (Эрон-Иттиҳодияи Аврупо-Амрико) раванди музокиротро созанда ва мусбат хонд ва таъкид кард: Қатар зимни бо аҳамият хондани ин марҳала аз музокирот дар масири идома ёфтани мизбонии гуфтугӯҳо то расидан ба натиҷаҳои мавриди назари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бозгашти ҳамаи тарафҳо ба таъаҳудот аз ҳеҷ кушише дарреғ нахоҳад кард.