5 кушта ва 39 маҷрӯҳ дар зилзилаи устони Ҳурмузгони Эрон
(last modified Sat, 02 Jul 2022 03:48:37 GMT )
Июл 02, 2022 08:48 Asia/Dushanbe
  • 5 кушта ва 39 маҷрӯҳ дар зилзилаи устони Ҳурмузгони Эрон

Вуқуъи заминларзаҳои пай дар пайи болои 6 рихтер дар устони Ҳурмузгон, мунҷар ба фавти 5 нафар ва маҷрӯҳ шудани 39 нафари дигар шуд.

Бар асоси эъломи Маркази ларзанигории Эрон, бомдоди имрӯз (шанбе) заминларза 6 /1  рихтерӣ дар умқи 10 километрии замини шаҳристонҳои бандари Хамир ва бандари Лангаи устони Ҳурмузгон, ҷануби Эронро ларзонд ва сипас заминларзаи 6/1 рихтерии дигаре дар умқи 28 километрии замини ҳаволии бандари Кангро ба ларза даровард.

Заминларзае бо қудрати 6/3 рихтер дар умқи 26 километрӣ, низ замини бандари Хамирро ларзонд.

Бинобар омори расмӣ,заминларзаҳои шадид дар ғарби устони Ҳурмузгон, токунӯн 5 кушта ва 39 маҷрӯҳ дар бандари Ланга бар ҷой гузоштааст.

Масдумон ба бемористонҳои бандари Ланга ва бандари Хамир эъзом шуданд.

Шиддати ин заминларзаҳо ба ҳадде буд, ки дар Бандараббос ва бархе дигар аз шаҳристонҳои устони Ҳурмузгон, ҷазоири Халиҷи Форс ва ҳатто дар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс низ эҳсос шуд.

Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ низ дар тамоси телефонӣ бо Ҷаъфари Миъодфар, раиси уржонси кишвар хостори расидагии фаврӣ ва омодагии марокизи дармонии бемористонҳои ин устон ва басиҷи ҳамаи имконот барои пазириши масдӯмони ҳодисаи заминларзаи устони Ҳурмузгон шуд.