58 миллион доллар-арзиши содироти Хуросони разавӣ ба Тоҷикистон
(last modified Sun, 03 Jul 2022 03:16:39 GMT )
Июл 03, 2022 08:16 Asia/Dushanbe
  • 58 миллион доллар-арзиши содироти Хуросони разавӣ ба Тоҷикистон

Раиси идораи бозаргонии хориҷии Хуросони разавӣ гуфт : Соли гузашта арзиши содироти коло аз устон ба Тоҷикистон 58 миллион доллар буд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадалии Амирфахриён афзуд : Ин мизон нисбат ба соли 1399 рушди 1600 дарсадӣ дошт .
Вай гуфт : Содироти коло аз Хуросони разавӣ ба Тоҷикистон дар фарвардини соли 1401 ба чаҳор миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл аз он рушди 9 ҳазор дарсадӣ дошт. Ин мизони содирот дар моҳҳои фарвардину урдубиҳишти имсол 9 миллион доллар афзоиш доштааст .
Раиси идораи бозаргонии хориҷии Созмони санъат, маъдан ва тиҷорати Хуросони разавӣ гуфт : Дар маҷмӯъ раванди содирот аз Хуросони разавӣ ба Тоҷикистон аз соли 1400 рушди қобили қабул доштааст; дар ҳоле ки пеш аз ин содироти коло ба он кишвар раванди ру ба коҳиш дошт, ки бахше аз он марбут ба маҳдӯдиятҳои эҷодшуда аз сӯи кишвари Туркманистон дар ирсоли коло ё дарёфти он байни Эрону Тоҷикистон буд .
Ӯ изҳор кард : Баъд аз барпоии намоишгоҳи Эрон бо меҳварияти Хуросони разавӣ дар Душанбе ( пойтахти Тоҷикистон ) ва азми давлатҳои ду кишвар барои афзоиши эъзому пазириши ҳайатҳои тиҷорӣ, раванди содироти коло рӯ ба рушд ниҳодааст, ки ҳамчунон идома дорад .
Амирфахриён бо ишора ба ҳадафгузории давлати сездаҳум барои тавсеаи тиҷорат бо кишвари Тоҷикистони афзуд : Пешбинӣ шуда ки ҳаҷми мубодилоти коло байни ду кишвар то поёни сол ба 500 миллион доллар бирасад, ки бештарин ҳаҷми тиҷорӣ дар ин бахш марбут ба устони Хуросони разавӣ аст.