Июл 15, 2022 17:23 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии пурголи тими миллии бонувони Эрон муқобили Тоҷикистон

Тими миллии футболи бонувони Эрон муваффақ шуд бо натиҷаи 5 бар сифр Тоҷикистонро шикаст диҳад.

Дидори тимҳои миллии футболи бонувони Эрону Тоҷикистон аз мусобиқоти КАФА дирӯз аз соати 21: 30 дақиқа ба вақти Теҳрон дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар ниҳоят шогирдони Озмун бо натиҷаи пурголи 5 бар сифр пирӯзи майдон шуданд.

Голҳои ин дидорро Афсонаи Чатринур (2 гол), Ҳастии Фурӯзанда (2 гол) ва Мелико Мутаваллӣ ба самар расониданд.

Ҳастии Фурӯзанда, бозикуни тими миллии футболи Эрон низ ба унвони беҳтарин бозикуни ин бозӣ интихоб шуд.

 

Барчасп