Сеюмин пирӯзии пай дар пайи тими бонувони “Сипоҳон”-и Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i117702-Сеюмин_пирӯзии_пай_дар_пайи_тими_бонувони_Сипоҳон_и_Эрон
Тими волейболи нишастаи бонувони Фулоди муборакаи “Сипоҳон” дар сеюмин дидори худ дар Ҷоми бошгоҳҳои Осиё ва Уқёнусия, Ҷопонро аз пеши рӯ бардошт.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 27, 2024 12:34 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин пирӯзии пай дар пайи тими бонувони “Сипоҳон”-и Эрон

Тими волейболи нишастаи бонувони Фулоди муборакаи “Сипоҳон” дар сеюмин дидори худ дар Ҷоми бошгоҳҳои Осиё ва Уқёнусия, Ҷопонро аз пеши рӯ бардошт.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо, рақобатҳои Ҷоми бошгоҳҳои Осиё ва Уқёнусия ба мизбонии шаҳри Ханчжоуи Чин аз субҳи ҷумъа (25 октябр) оғоз шуду тими волейболи нишастаи бонувони Фӯлоди муборакаи “Сипоҳон” дар сеюмин дидори худ ба масофи тими Ҷопон рафт, ки ин дидор бо натиҷаи 3 бар як ба суди тими “Сипоҳон” поён ёфт.

Тими волейболи нишаста бонувони “Сипоҳон” фардо дар чаҳорумин дидори худ аз соати 4:30 субҳ ба вақти Эрон ба масофи тими бошгоҳии Чин хоҳад рафт.