Июл 19, 2022 09:10 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон имрӯз дар ҳафтумин нишасти сарони “раванди Остона” ширкат мекунад
    Эрдуғон имрӯз дар ҳафтумин нишасти сарони “раванди Остона” ширкат мекунад

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия душанбешаб дар садри ҳайате баландпоя барои анҷоми сафаре 2 рӯза вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, Эрдуғон имрӯз сешанбе дар ҳафтумин нишасти Шӯрои олии ҳамкории Эрону Туркия бо ҳузури Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ширкат хоҳад кард.

Дар ин нишаст равобити Эрону Туркия ба таври густарда арзёбӣ ва иқдомоти дуҷониба барои густариши равобити ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Эрдуғон имрӯз сешанбе ҳамчунин дар ҳафтумин нишасти сарони “раванди Остона” ширкат хоҳад кард.

Эрдуғон қарор аст дар ҳошияи ин нишаст дидории дуҷониба низ бо ҳамтои руси худ дошта бошад. Раиси ҷумҳурии Русия ҳам имрӯз ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Ҳафтумин нишасти сарони “раванди Остона” имрӯз (сешанбе) бо ҳузури руасои ҷумҳурии се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Музокироти Остона аз январи 2017 бо ибтикори Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамкории Русияву Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп