Истиқболи расмии Раисӣ аз Эрдуғон
(last modified Tue, 19 Jul 2022 07:26:52 GMT )
Июл 19, 2022 12:26 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон асри имрӯз дар нишасти Шурои олии ҳамкории Эрону Туркия ҳузур меёбад
    Эрдуғон асри имрӯз дар нишасти Шурои олии ҳамкории Эрону Туркия ҳузур меёбад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар маҷмуаи фарҳангии Саъдободи Теҳрон ба таври расмӣ аз раиси ҷумҳурии Туркия истиқбол кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия душанбешаб дар садри ҳайате олирутба барои анҷоми сафаре дурӯза вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, маросими истиқболи расмӣ аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия субҳи имрӯз (сешанбе) бо ҳузури Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар маҷмуаи фарҳангии Саъдобод баргузор шуд.

Маросими истиқбол бо навохта шудани суруди миллии ду кишвари Эрону Туркия ҳамроҳ буд.

Эрдуғон асри имрӯз дар ҳафтумин нишасти Шурои олии ҳамкории Эрону Туркия бо ҳузури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузур меёбад.

 

Бештар бихонед: