Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон дар чаҳор моҳи гузашта
(last modified Fri, 29 Jul 2022 15:06:41 GMT )
Июл 29, 2022 20:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон дар чаҳор моҳи гузашта

Сухангӯи давлати Эрон аз афзоиши содироти ғайринафтии Эрон дар чаҳор моҳи гузашта хабар дод.

Алӣ Баҳодурии Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи панҷшанбе бо ироаи омори содироти ғайринафтии Эрон дар чаҳор моҳи гузашта дар Твиттер навишт, ин мизон ба 17 миллиарду 240 миллион доллар расид, ки нисбат ба чаҳор моҳи нахусти соли қабл 22 дарсад рушд доштааст.

Ба навиштаи Баҳодурии Ҷаҳрумӣ дар чаҳор моҳи гузашта ҳудуди 4 миллиард доллар ҳам аз содироти газ даромад касб шуда, ки муодили кулли вусули даромади газ дар 1400 аст.

Содироти ғайринафтии Эрон аз замони истиқрори давлати ҷадиди афзоиши қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Давлати сенздаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кори худ дар 3 августи 2021 нишон дода, ки ба тавозун дар сиёсати хориҷӣ муътақид аст ва тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои исломӣ дар авлавияти барномаҳои хориҷиаш қарор дорад.

Сиёсати минтақагароӣ, нигоҳ ба Шарқ, мушорикат дар созмонҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва фароминтақаие назири паймони Шанхай ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), аз ҷумлаи масодиқи мутавозинсозии сиёсати хориҷии Эрон аст, ки аз сӯи давлати сенздаҳум дунбол мешавад.

 

Бештар бихонед: