Мӯсавӣ: Иштибоҳи сохти девори амниятӣ пушти марзи байналмилалӣ бо Афғонистон ҳарчӣ зудтар бартараф шавад
(last modified 2022-08-01T05:33:39+00:00 )
Август 01, 2022 10:33 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Иштибоҳи сохти девори амниятӣ пушти марзи байналмилалӣ бо Афғонистон ҳарчӣ зудтар бартараф шавад

Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон даргирии марзӣ миёни неруи марзбонии Эрон ва Толибонро аз огоҳӣ надоштани тарафи муқобил аз тафовути девори амниятӣ бо марзи байналмилалӣ донист.

Фармондори шаҳристони Ҳирманд, шимоли Систону Балучистон, ҷануби шарқи Эрон аз даргирӣ байни неруҳои марзбонии Ҷумҳурии исломии Эрон ва гуруҳи Толибон дар марзи ин шаҳристон хабар дод.

Сайидрасули Мӯсавӣ, дастёри вазири умури хориҷаи Эрон дар Твиттер навишт: Бояд иштибоҳи мудириятӣ ва муҳосиботии анҷомшуда дар сохти девори амниятӣ дар пушти марзи байналмилалӣ бо Афғонистонро бартараф кард.

Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон бо интишори тасвире аз мавқеияти марзи байналмилалӣ ва девори амниятӣ, ки тавассути Эрон пушти марз бо Афғонистон эҷод шудааст ва нишон медиҳад заминҳои кишоварзони эронӣ байни девори амниятӣ ва марзи байналмилалӣ (дохили хоки Эрон) қарор гирифтааст, гуфт: Ин масъала боис шудааст дар бархе мавоқеъ тарафи афғон ин заминҳоро мутааллиқ ба худ фарз кунад.

 

Барчасп