Август 02, 2022 09:48 Asia/Dushanbe
  • Шумори фавтиҳои селобҳои ахир дар Эрон ба 76 нафар расид

Раиси Созмони мудирияти буҳрони Вазорати кишвари Эрон аз афзоиши шумори фавтиҳои селобҳои ахир ба 76 нафар хабар дод.

Селобҳои мавсимӣ аз 23 июл оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.

Дар ин селобҳо 24 устони Эрон даргир шуданд.

Муҳаммадҳусайни Номӣ, раиси Созмони мудирияти буҳрони Вазорати кишвари Эрон душанбешаб гуфт, то ин лаҳза 76 нафар дар селобҳои ахир ҷони худро аз даст доданд ва 16 нафар низ мафқуд шуданд.

Номӣ бо баёни ин ки 24 устони кишвар даргири селу обгирифтагӣ шуд, гуфт: Устони Теҳрон бештарин талафоти инсониро дар сел доштааст ва пас аз он устонҳои Кирмон, Язд, Мозандарон, марказӣ, Систону Балучистон ва Луристон қарор доранд.

Раиси Созмони мудирияти буҳрони Вазорати кишвари Эрон дар бораи тахриби манозили маскунӣ низ гуфт, дар ин муддат 20 ҳазор манзили маскунӣ дучори осеб шудааст, ки 13 ҳазор воҳид ба таъмирот ниёз дорад ва ҳафт ҳазор воҳид низ бояд бозсозии комил шавад.

 

Барчасп