Август 06, 2022 13:45 Asia/Dushanbe
  • Мубодилоти тиҷории Эрон ва Қатар дар солҳои гузашта ба таври миёнгин ба ҳудуди 260 миллион доллар дар сол мерасид
    Мубодилоти тиҷории Эрон ва Қатар дар солҳои гузашта ба таври миёнгин ба ҳудуди 260 миллион доллар дар сол мерасид

Мудири кули дафтари Ғарби Осиёӣ Созмони тавсиаи тиҷорати Эрон, чашмандози мубодилоти тиҷори байни Эрон ва Қатарро бо ҳамкории бахши хусусӣ дастёби ба як миллиард доллар дар сол пешбини кард.

Фарзоди Пилтан мудири дафтари Ғарби Осиёӣ Созмони тавсиаи тиҷорати Эрон, бо баёни инки ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Қатар дар солҳои гузашта ба таври миёнгин ба ҳудуди 260 миллион доллар дар сол мерасид, афзӯд, тайи солҳои ахир ҳаҷми ин мубодилот коҳиш пайдо кард ва ҳатто дар соли 1400 ба адади 150 миллион доллар расид.

Мудири кулли дафтари Ғарби Осиёӣ Созмони тавсиаи тиҷорати Эрон  ибрози умедвори кард, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Қатар дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва зарфияти хуби дукишвар дар табодулоти тиҷорӣ ба миллиард доллар дар сол афзоиш ёбад.

Пилтан содироти колоҳои донишомӯзон бо арзиҳши афзӯда, таваҷҷӯҳ ба ҳавзаи гардишгарии саломат ва транзети колоҳои асосиро аз ҷумлаи муҳимтарин барномаи давлати сездаҳуми Эрон барои тавсиаи ҳамкориҳои тиҷорӣ бо Қатар эълом кард.

Мудири кулли дафтари   Ғарби Осиёи Созмон тавсиаи тиҷорат Эрон ҳамчунин бо ишора ба наздик будани бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ  2022 ба мизбонии Қатар гуфт, дар давраи баргузории Ҷоми Ҷаҳонӣ  ва бо ҳамоҳангии сафорати Эрон дар Қатар шаш рӯйдоди намоишгоҳи дар ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Мудири кулли дафтари Ғарби Осиёӣ Созмони тавсиаи тиҷорати Эрон афзӯд, ин намоишгоҳ дар ҳавзаҳои таъмини колои мавриди ниёзи Қатар аз ҷумла маводи ғизоӣ, хушбор, маҳсулоти кишоварзӣ, саноъедастӣ, фарш, мублмон, ҷавоҳирот ва сангҳои қиматӣ дар дастури кор қарор дорад ва пешбнӣ мешавад, истиқболи хубе аз ин намоишгоҳо шавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп