Август 08, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Руҳияи салаҳшурии ҷавонони фаластинӣ ва яманӣ идомаи роҳи инқилоби исломӣ аст
    Раисӣ: Руҳияи салаҳшурии ҷавонони фаластинӣ ва яманӣ идомаи роҳи инқилоби исломӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди мардуми Ғаза, руҳияи салаҳшурии ҷавонони муборизи фаластиниро идомаи роҳи инқилоби исломӣ донист.

Режими саҳюнистӣ аз асри ҷумъа ҳамалоти ҳавоӣ ва тупхонаи худ ба минтақаҳои мухталифи борикаи Ғазаро оғоз кард, ки то кунун бар асари ин ҳамалоти ваҳшиёна 41 нафар аз ҷумла 13 кудак ва 2 зан шаҳид шуданд.

Аз оғози таҷовузи режими саҳюнистӣ ба бароикаи Ғаза дар асри ҷумъа то кунун 311 шаҳрванди дигари фаластинӣ низ захмӣ шуданд, ки 96 нафари аз онҳо кудак ва зан ва 12 нафар солхурда ҳастанд.

Дар посухи ин ҳамалоти ҷинояткорона, гуруҳи муқовимати Фаластин бо садҳо мушак шаҳрҳо ва шаҳракҳои саҳюнистнишин дар сарзаминҳои ишғоли ба вижа Тел-Авив ва фурудгоҳи Бен Гурионро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ рӯзи якшанбе дар дидор бо ҷамъи аз хонаводаҳои шуҳадо бо таслияти аёми сувгвории ҳазрати имом Ҳусайн(а) ва маҳкум кардани ҷиноёти саҳюнистҳо зидди мардуми Ғаза хотирнишон кард: Иқтидор ва азамате, ки имрӯз дар ҷараёнҳои муқовимати Фаластин дида мешавад натиҷаи истикборситези ва руҳияи худбовари аст, ки инқилоби исломии Эрон дар минтақа ба армуғон овард.

Раисӣ бо ёдоварии ҷиноятҳои мутаъадиди саҳюнистҳо зидди мардуми Ғаза таъкид кард: Мардуми имрӯзи Фаластинро бо гузаштаи он муқоиса кунед дар гузашта нигоҳи мардми Фаластин ба мизҳои ҳамчун Кэмп Дэвид, Шармулшайх ва паймони сулҳи Осло буд, аммо ирмӯз дар муқобили зулми саҳюнистҳо мубориза мекунанд ва ибтикори амали бадаст омадаи ҷавонони фаластинӣ  уфтода аст, ин руҳияи муқовимат ба баракати хуни шуҳадои ҷанги таҳмили ва мудофеъони ҳарам аст.

Барчасп