Таслияти солгарди шаҳодати Имом Саҷҷод ( ъ )
(last modified Wed, 10 Aug 2022 04:34:46 GMT )
Август 10, 2022 09:34 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солгарди шаҳодати Имом Саҷҷод ( ъ )

Чаҳоршанбе 12 муҳаррами 1444 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 10 августи 2022, солгарди шаҳодати Имом Зайнулобиддин, мулаққаб ба « Саҷҷод »- фарзанди имоми ҳусайн ( ъ ) ва аз наберагони поки Расули Худо ( с ) аст .

Имом Зайнулобиддин ( ъ ) дар соли 38 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ; ишон дар давроне мезистанд,ки бар хонадони Паёмбари Ислом ( с ) бисёр сахт мегузашт.
Имоми Саҷҷод ( ъ ), ки дар воқеаи Карбало дар бистари беморӣ буданд, пас аз наҳзати азими Имом Ҳусайн ( ъ )-масъулияти сангини интишори паёми ин наҳзат ва тадовуми роҳи падари бузургворашонро ба ӯҳда гирифтанд ва дар ҷиҳати нишон додани моҳияту аҳамияти ин қиём, талоши бисёр карданд .
Имом Зайнулобиддин ( ъ ) дар бинои тамаддуну фарҳанги исломӣ ва густариши таъолими ноби Қуръон кушиш карданд ва бо равшанбинии хоси худ, иқдом ба тарбияти донишмандон мусулмон карданд, то аз ин тариқ Қуръону суннати Паёмбари Ислом ( с ) маҳфуз бимонад .
Ишон бо ҷамъоварии инсонҳои шоиста онҳоро таҳти таъолими динии худ қарор доданд, то онҷо ки ба ривояти таърих, шогирдони барҷастаи он ҳазрат болиғ бар 170 нафар зикр шудааст .
Яке дигар аз мероси арзишманди Имом Саҷҷод ( ъ ) барои мусулмонон китобе таҳти унвони « Саҳифаи Саҷҷодия » аст ; ин китоб агарчӣ дар қолаби дуо ва ниёйиш аст, вале шомили бисёре аз ҳақоиқи улуму маорифи исломӣ ва ирфонӣ, қавонину аҳкоми шаръӣ, масоили ҳассоси сиёсӣ, иҷтимоӣ, тарбиятӣ ва ахлоқӣ аст .