Август 13, 2022 10:37 Asia/Dushanbe
  • Панҷумин давраи бозиҳои ҳамабастагиҳои Исломӣ то 18-уми август идома дорад
    Панҷумин давраи бозиҳои ҳамабастагиҳои Исломӣ то 18-уми август идома дорад

Корвони эъзоми теквандои Эрон ба бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои Исломӣ бо касби 13 медали арзишманди талло, нуқра ва бринҷи ба кор худ поён дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, корвони эъзомии теквандои Эрон  дар панҷумин  давраи бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои Исломӣ ширкат кард, ки дар ниҳоят муваффақ шуд 13 медали арзишманди талло, нуқра ва бринҷиро касб кунад.

Барои тими миллии бонувон дар вазни 53 килограм  Ноҳиди Киёнӣ як медали талло, Ғазали Султонӣ дар вазни 49 килограм, Наргиси  Мирнуриллоҳӣ дар вазни 62- клограм,Зайнаби Исмоилӣ дар вазни 67- килограм ва  Акрами Худобанда дар вазни 73- килограм медали нуқра ва дар вазни 57 килограм Настарани Вализода як медали бринҷи касб карданд.

Дар бахши мардон низ дар вазни 58-килограм  Ҳусайни Латифӣ, Амиримуҳаммади Бахшӣ дар вазни 74- килограм,  Алии Аҳмадӣ дар вазни 87- килогарам ва Алиризои Нодалиён дар вазни 87- килограм муваффақ ба касби 4 медали талло шудаанд.

Ҳамчунин Маҳдии Ҳоҷии Мусоӣ дар вазни 54- килограм , Муҳаммадсодиқи Даҳқонӣ дар вазни 63- килограм ва Меҳрони Бархурдорӣ дар вазни 80 килограм соҳиби гардановези биринҷи шуданд.

Панҷумин давраи бозиҳои ҳамабастагиҳои Исломӣ, ки дар нуҳуми август дар  Қунияи Туркия оғоз шудааст, то 18-уми август идома дорад.

Бештар бихонед:

Барчасп