Амир Абдуллоҳиён: Имшаб ҷамъбандии ниҳоӣ худро ба ҳамоҳангкунандаи аврупоӣ БарҶом медиҳем
(last modified Mon, 15 Aug 2022 16:19:40 GMT )
Август 15, 2022 21:19 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Имшаб ҷамъбандии ниҳоӣ худро ба ҳамоҳангкунандаи аврупоӣ БарҶом медиҳем
    Амир Абдуллоҳиён: Имшаб ҷамъбандии ниҳоӣ худро ба ҳамоҳангкунандаи аврупоӣ БарҶом медиҳем

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Рӯзҳои оянда, рӯзҳои муҳим дар бораи тавофуқи ҳастӣ аст ва мунтазири тасмими тарафи амрикоӣ пайромуни мавзуъи севум ҳастем.

Музокирот бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимона ва ғайри қонуни зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далели ибтикорҳои тими музокиракунандаи Эрон пешрафтҳоеро таҷруба кард, аммо таъалули давлати Ҷо Байден барои ҷуброни иқдомоти ғайри қонунии давлати пешини Амрико ва тадовуми корзори фишори ҳадиаксари мунҷар ба тардидҳои дар ҷиддияти ин кишвар барои бозгашт ба БарҶом ва тулони шудани раванди гуфтугӯҳо шуда аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари масъулиятпазир борҳо эълом кард бо таваҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буд ки тавофуқро нақз кард ин Вашенгтон аст, ки бояд ба рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои таъаҳудоти Амрико мавриди ростиозмоӣ қарор гирад.

Даври ҷадиди музокироти рафъи таҳримҳои золимонаи Эрон дар Вена рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Австрия оғоз шуд ва бо поёни ин давр аз гуфтугӯҳо ҳайати музокиракунандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон боз гаштанд.

Дар ҳамин росто Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти самими бо хабарнигорони ҳавзаи сиёсати хориҷи зимни шунидани масоил ва дағдағаҳои хабарнигорон ба баёни охирин ахбор пайромуни музокироти рафъи таҳримҳо пардохт.

Ба гузориши хабарнигори Эрон Пресс, Амир Абдуллоҳиён гуфт: Тасмими низор бар буд, ки музокироти Венаро бар зиндагии мардум гиреҳ лизо нахостем рӯзшумории ҳаяҷони дар бораи музокирот ба кишварро ироа бидиҳем.

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Дар масоили миллӣ ҳамаи назарот як аст ва ҷиноҳҳои чапу рост ба дунболи манофеъи миллӣ ҳастанд, ки ҳамин амр барои мо дар мизи музокира қудрат эҷод карда аст.

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Тарафи амрикоӣ ба сурати шифҳи бо ду мавзуъи Эрон мувофиқат карда аст, мунтазири мавзуъи севум ҳастем ва то соати 21 имшаб пешниҳодоти ниҳоиро ба сурати мактуб мефиристем.