Фавти 78 бемор бар асаи ибтило ба корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i89966-Фавти_78_бемор_бар_асаи_ибтило_ба_корона_дар_Эрон
Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 78 бемори мубтало ба Ковид-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуъи ҷонбохтагони ин бемори ба 143 ҳазору 93 нафар расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 16, 2022 17:18 Asia/Dushanbe
  • Фавти 78 бемор бар асаи ибтило ба корона дар Эрон
    Фавти 78 бемор бар асаи ибтило ба корона дар Эрон

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 78 бемори мубтало ба Ковид-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуъи ҷонбохтагони ин бемори ба 143 ҳазору 93 нафар расид.

Ба гузориши равобит умуми ва маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз дирӯз то имрӯз бар асоси меъёрҳои қатъи ташхис панҷ ҳазору 972 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносӣ ва як ҳазору 113 нафар аз онҳо бистари шуданд.

Ба асоси ин гузориш маҷмуъи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 7 миллиону 488 ҳазору 493 нафар расид.

Хушбахтона то кунун 7 миллиону 190 ҳазору 330 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шуданд.

Як ҳазору 456 нафар аз беморони мубтало ба Ковид-19 дар бахшҳои муроқибатҳои махсуси бемористонҳо таҳти муроқибат қарор доранд.

Ҳамагирии вируси корона ҷони шаш миллиону 457 ҳазору 73 нафарро дар сатҳи ҷаҳон гирифта аст.

Корона то кунун чоҳар ҷаҳиши женетикии хатарнок шомили Алфа, Бета, Гома ва Делта дошта ва Омеркон ҷадидтарин навъи ҷаҳишёфтаи ин вирус аст.