Муовини аввали Қувваи қазоияи Эрон бо раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дидор кард
Муовини аввали Қувваи қазоияи Эрон бо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ба нақл аз равобити умумии муовинати аввали Қувваи қазоия, ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Мусаддиқ, муовини аввали Қувваи қазоия, ки ба манзури ширкат дар ҳафдаҳумин иҷлоси руасои додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон сафар кардааст, имрӯз бо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин мулоқот, ки Муҳаммадтақии Собирӣ, сафир ва намояндаи томулихтиёри Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт, бар зарурати тавсеаву иртиқои равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи қазоӣ таъкид ва заминаҳои ҳамкории фимобайн мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.