Август 22, 2022 16:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳайате аз аъзои гуруҳи дустии парлумони Эрон ва Тоҷикистон ба Душанбе эъзом шуд
    Ҳайате аз аъзои гуруҳи дустии парлумони Эрон ва Тоҷикистон ба Душанбе эъзом шуд

Ҳайате аз аъзои гуруҳи дустии парлумони Эрон ва Тоҷикистон бино бар даъвати раиси маҷлиси ин кишвар Теҳронро ба мақсади Душанбе пойтахти Тоҷикистон тарк кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Тасним, Ҷалил Раҳими Ҷаҳонободӣ раиси гуруҳи дустии парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бино ба даъвати раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сарварии ҳайати аз аъзои гуруҳи дустии парлумони Эрон, Теҳронро ба мақсади Душанбе тарк кард.

Гуруҳи дустии парлумони Эрон қарор аст дар ин сафар бо мақомоти парлумони ва давлатии Тоҷикистон ва эрониёни муқими Тоҷикистон дидор ва дар хусуси густариши сатҳи муносибатҳои парлумони миёни маҷлисҳои ду кишвар ва осон намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди алоқаи ҳарду тараф гуфтугӯ ва табодули назар кунад.

Дар ин сафар Эҳсони Арконӣ, Ҳусайни Имомирод ва Ҳусайнӣ Муҳаммадсолеҳи Доронӣ аз аъзои камисиони барномаву будҷа ва муҳосибот, омӯзиш, таҳқиқот ва фановарӣ, умури дохилии кишвар ва шӯроҳо, ва гуруҳи дустии парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон, Раҳими Ҷаҳонободиро ҳамроҳи мекунанд.

 

Барчасп