Таъкиди Эрон бар лузӯми тааҳҳуди воқеии Амрико ба халъи силоҳи ҳастаӣ ва фишор бар режими саҳюнистӣ
(last modified 2022-08-23T05:01:15+00:00 )
Август 23, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар лузӯми тааҳҳуди воқеии Амрико ба халъи силоҳи ҳастаӣ ва фишор бар режими саҳюнистӣ

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони милал, бар лузӯми тааҳҳуди воқеии Амрико ба халъи силоҳи ҳастаӣ ва фишор бар режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Дар оғози ҳафтаи чаҳоруми даҳумин конфронси бознигарии Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, ҷаласаи нишасти умумии конфронс барои шунидани гузориши кумитаҳои сегона ва аркони фаръии вобаста ба онҳо баргузор шуд.

Дар гузориши раисони кумитаи халъи силоҳи ҳастаӣ ва тазминҳои амниятӣ, кумитаи адами густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва кумитаи корбурдҳои сулҳомези энержии ҳастаӣ тасреҳ шуд, ки бо вуҷӯди бархе пешрафтҳои андак, ба далели ихтилофи назари кишварҳои узви иҷмоъ ҳосил нашуд ва лозим аст дар муддати боқимонда талош барои касби иҷмоъ идома пайдо кунад.
Маҷиди Тахтравончӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони милал бо таъкид бар лузӯми тааҳҳуди воқеии Амрико ба халъи силоҳи ҳастаӣ ва эҷоди минтақаи ғарби Осиёи орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ дар посух ба иддаои намояндаи Вашингтон гуфт: беҳтар аст намояндаи Амрико ба ҷои сиёсикорӣ посух диҳад оё Амрико азми сиёсии лозимро барои пойбандӣ ба тааҳҳудоти халъи силоҳи ҳастаӣ дорад?


Тахтравончӣ афзуд: мухолифат дар ростои сиёсати ҳамешагии Амрико мабнӣ бар чашмпӯшӣ аз зарродхонаҳои ҳастаии режими саҳюнистӣ дар айни ҳимоят накардан аз баргузории конфронси бознигарӣ аст.


Намояндаи доими Эрон дар Созмони милал ба лузӯми риояти шаффофсозӣ ва шамулгароӣ дар музокирот ва таҳияи асноди конфронси бознигарӣ таъкид кард.

Бештар бихонед:


Эрон ҳомии собитқадами халъи силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон аст
Тахтиравончи : дар сурати иродаи сиёсӣ, халъи силоҳи ҳастаии ҷаҳон амалӣ мешавад

Барчасп