Август 24, 2022 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ибрози алоқаи русҳо барои густариши равобити тиҷорӣ бо Эрон

Вазири саноъат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз ибрози алоқамандии русҳо барои густариши равобити муштарак ба вижа дар арсаҳои худрав, лавозими хонагӣ ва дору бо Эрон хабар дод

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайидризо Фотимии Амин дар нишасте бо фаъолони саноъатии ҳозир дар намоишгоҳи «Автомобилность 2022»-и Русия дар маҳали сафорати Эрон дар ин кишвар афзуд : Аз шеваҳои шиносондани Эрон дар ҷаҳон, тавлиди " маҳсӯлоти бо ифтихор " аст, ҳарчанд содирот дар навъи худ хуб аст, аммо бархе колоҳои содиротӣ фақат пул вориди кишвар мекунад; дар ҳоле ки бархе дигар ифтихор бо худ ба ҳамроҳ меоваранд . Фотимии Амин тасреҳ кард : Ҳамаи талошҳо дар Вазорати саноъат,  маъдану тиҷорати Эрони рафъи монеъаҳо мавҷуд аст, то ҳамкориҳои саноъатӣ бо кишварҳои мухталиф густариш ёбад . Вазири саноъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ҳамчунин бо ишора ба тавофуқи Русияву Эрон дар ҳавзаҳои ҳавоӣ-баҳрӣ ва барномарезӣ барои анҷоми иқдомоти муштарак  гуфт : Дар дидор бо масъӯлони Русия дар рӯзҳои гузашта  тавофуқҳое дар бахши ҳавоӣ сурат гирифт . Вазири саноъат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз тавофуқи суратгирифта дар бахши киштисозӣ бо Русия хабар дод ва афзуд : Дар маҷмуъ гомҳои баланде дар бахши саноъатии байни ду кишвар бардошта шуда, ки бояд пайгирӣ шавад то зудтар ба натиҷаҳои эҳсосшаванда бирасад . Намоишгоҳи  Русия 22 то 25 август 2022 ( баробар бо 31 мурдод то сеюм шаҳривармоҳи 1401 ) дар маҳали намоишгоҳҳои байналмиллалии Маскав ( Expo Center ) бо ҳузури ҳудуди 600 ширкат аз 18 кишвар ва дар 30 ҳазор метр фазои намойишгоҳӣ баргузор мешавад . 

 

Барчасп