Таҳлил. Размоиши бузурги паҳподии артиш - намоди тавонмандӣ ва иқтидори низомии Эрон
Размоиши муштараки паҳподии 1401 -и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз субҳи чаҳоршанбеи 24 август оғоз шуд. Ин размоиш бо ширкати беш аз 150 паҳпод дар густараи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Халиҷи Форс ва дарёи Уммон дар ҷануб то минтақаҳои шарқ, ғарб, шимол ва маркази Эрон оғоз шуд.
Ин размоиш ду рӯз идома хоҳад дошт. Барои аввалин бор аст, ки размоиши муштараки паҳподӣ дар сатҳи нерӯҳои чаҳоргонаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва қароргоҳи муштараки падофанди ҳавоии Эрон иҷро мешавад.
Пешрафтҳои паҳподии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар се даҳаи ахир ҳамвора чашмгир буда ва паҳподҳои сохти Эрон, ба вижа дар як даҳаи ахир бо таваҷуҳ ба сар задани даргириҳои минтақаӣ ба хубӣ арзиши болои худро дар заминаҳои назорат ва шиносоӣ, ҳадафёбӣ ва иҷрои амалиётҳои таҳоҷумӣ дар майдонҳои набарди минтақа нишон доданд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистанд ба дастовардҳои бисёр пешрафта дар бахши паҳподӣ даст пайдо кунанд, ки ин дастовардҳо Эронро ба қудрати бартари паҳподӣ дар минтақа табдил кардааст. Қудрати паҳподии Эрон доманаи амният ва посдорӣ аз марзҳои кишварро километрҳо дуртар аз марзҳои заминӣ ва дарёии он афзоиш додааст.
Тавони паҳподии Эрон дар солҳои гузашта бо тамаркуз бар ду унсури камият ва кайфияти парандаҳои бидуни сарнишин бо ҷаҳиши қобили таваҷҷуҳ ҳамроҳ буд ва имрӯз ба қудрати паҳподии минтақа табдил шуд ва дар байни кишварҳои соҳиби фанноварии сохти паҳпод ҷойгоҳи вижае дорад.