Август 24, 2022 17:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаи тилло насиби донишҷӯёни эронӣ дар Ҷашнвораи инноварси Амрико - 2022
    Ҷоизаи тилло насиби донишҷӯёни эронӣ дар Ҷашнвораи инноварси Амрико - 2022

Донишҷӯёни Анҷумани илмии мудирияти ҷаҳонгардӣ ва асотиди Донишгоҳи Теҳрон дар Ҷашнвораи байналмилалии ибдооту ихтирооти инноверси Амрико - 2022 муваффақ ба касби медали тилло дар зергуруҳи ҳушмандсозӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА, тиме муташаккил аз асотиду донишҷӯёни мудирияти ҷаҳонгардии Донишгоҳи Теҳрон дар мусобиқоти ҷаҳонии ибдооту ихтирооти Амрико "Innoverse Expo 2022" муваффақ ба касби медали тиллои ин давра аз мусобиқот шуд.

Ихтироот аз назари навоварӣ, моҳияти тарҳ, мақрун басарфа будан, таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва фурсатҳои бозор, мавриди арзёбӣ ва нумрадеҳии ҳайати доварони ҷашнвораи ихтирооти Амрико қарор гирифт, ки тими Эрон муваффақ ба касби медали тиллои ин ҷашнвораи ҷаҳонӣ шуд.

 

Барчасп