Раисӣ : Аҳли байт ( ъ ), рамзи ваҳдати уммати исломӣ ҳастанд
Раиси ҷумҳӯри исломии Эрон Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ )-ро рамзи ваҳдати уммати исломӣ ва умеду умедофаринӣ дар ҷомеъаи башарӣ тавсиф кард .
Маросими ифтитоҳияи ҳафтумин нишасти умумии Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) бо ҳузур Саидиброҳими Раисӣ- раиси Ҷумҳурӣ ва оятуллоҳ Ризо Рамазонӣ-дабири кули Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) рӯзи панҷшанбе дар Теҳрон баргузор шуд .
и
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ дар ин маросим адолатро гумшудаи имрӯзи башарият ва аҳли байт ( ъ )-ро рамзи адолатхоҳӣ дар ҷаҳон донист ва гуфт : Адолат амри наҳуфта дар нуфусу фитрати ҳамаи инсонҳо аст . Раисӣ гуфт : Ҷаҳон ба мактаби аҳли байт ( ъ ) тавваҷуҳи вижае дорад, чун дар ин мактаб ҳаққу адолатхоҳӣ, инсонияту ақлонияти комил вуҷуд дорад .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрони афзуд : Имрӯз тавваҷуҳи ҷавонон ба вижа дар Ғарб ба дину маънавият бисёр зиёд шудааст , ки ин мавзӯъ барои андешмандони арзишманде ки инҷо иҷтимо кардаед, масъулиятовар аст .
Раисӣ афзуд : Иртибототи илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни аъзои Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) метавонад ояндаи бисёре хуберо рақам бузанду Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳамоҳангӣ дар ин замина омодагӣ дорад
. Баргузории камиссиюни Маҷомеъи аҳли байту мубаллиғон, нишасти баррасии таҳаввулоти минтақа бо суханронии вазири умури хориҷаи Эрон, баргузории комиссиюни иқтисоди пайравони аҳли байт ( ъ ), комиссиюни иртиботот ва комиссиюни расонаву фазои маҷозӣ, баргузории нишасти хонаводаву занон ва нишасти донишгоҳиён аз барномаҳои ҳафтумин нишасти умумии Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) эълом шуда аст