Раҳбари муаззами инқилоб : Ҷумҳурии исломи аждаҳои ҳафтсари истикборро ақиб ронд
(last modified Sat, 03 Sep 2022 11:02:39 GMT )
Сентябр 03, 2022 16:02 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб : Ҷумҳурии исломи аждаҳои ҳафтсари истикборро ақиб ронд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) ва меҳмонони ширкаткунанда дар ҳафтумин конгресси ин маҷмаъ гуфтанд ، Ҷумҳурии исломӣ бо илҳом аз Аҳли байт аждаҳои ҳафтсари истикборро ақиб ронд ва пешрафт кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз ( шанбе ) дар ин дидор азамату маҳбубияти Аҳли байтро дар дунёи ислом беназир хонданд ва таъкид карданд: Ҷумҳурии исломӣ ба унвони парчами барафроштаи Аҳли байт дар муқобили низоми султа муътақидаст дар дунёи Ислом ҳеҷ хати фосилаи мазҳабӣ, қавмӣ, фирқаӣ ва нажодӣ ҳақиқӣ нест ва танҳо хати фосилаи барҷаставу ҳақиқӣ марзбандии миёни дунёи Ислом бо ҷабҳаи куфру истикбори ҷаҳонӣ аст .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Имрӯз Ҷумҳурии исломӣ ба унвони як улгӯ ва воқеияти зинда тавониста дар муқобили анвоъи душманиҳову ҳамалот тобоварӣ нишон диҳад ва он ниҳоли тозарӯидаро ба дарахти куҳан табдил кунад ; албатта мақсуд аз улгу будан, улгугирӣ аз сохтори сиёсӣ, нест, балки пойбандӣ ба усулу мабоонии Имом Хумайнӣ ( раҳ )аст .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ  ташвиқи миллатҳои дигар ба истодагӣ дар муқобили зӯргӯйиҳоро аз илали асабонияти низоми султаву душмании онҳо донистанд ва гуфтанд: Беасар кардани нақшаҳои ҷинояткоронаи Амрико дар кишварҳои мухталиф, ки як намӯнаи он ДИИШ буд, боиси таблиғоти мутарокими эронҳаросӣ ва шиъаҳаросӣ ва муттаҳам кардани Эрон ба дахолат дар кишварҳои дигар шудааст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломӣ дахолате дар кишварҳои дигар надорад, иттиҳомзаниҳои султагаронро вобаста аз аҷзу нотавонии онҳо дар ҷилавгирӣ аз пешрафтҳои чашмгири низоми исломӣ хонданд ва афзуданд: Албатта ҳама бояд дар муқобили сиёсатҳои истикборӣ ҳӯшёр бошанд ва бо онҳо ҳамроҳӣ накунанд .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ  сиёсати кунунии истикборро пурранг кардани тафовутҳову хутути фосилаи ғайривоқеъӣ дар дунёи Ислом баршумурданд ва тасреҳ карданд: Таҳрику нақшакашӣ барои ҷанги шиъаву суннӣ, арабу аҷам, шиъа бо шиъа  ва суннӣ бо суннӣ, ки акнун дар бархе аз кишварҳо мушоҳида мешавад, сиёсати шайтони бузург яъне Амрико аст, ки бояд дар муқобили он ҳушёр буд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён хотирнишон карданд: Ояндаи дунёи Ислом- ояндаи равшан аст ва маҷмӯъаи шиъа метавонад нақшофаринии бузурге дар он анҷом диҳад.