Сентябр 06, 2022 16:13 Asia/Dushanbe
  • Амрико тавони муқобила бо қудрати миллати Эронро надорад

Раиси Созмони басиҷи мустазъафин таъкид кард, Амрико бо қудрати низомии пешрафта тавони муқобила бо қудрати миллати Эронро надорад.

Сардор Ғуломризо Сулаймонӣ, раиси Созмони басиҷ мустазъафин гуфт, Амрико, ки беш аз 50 дарсади қудрати низомӣ ва байни 25 то 28 дарсади қудрати иқтисодии дунёро дар ихтиёр дорад, аммо қудрати муқобила бо миллати Эронро надорад.

Вай дар ойини бузургдошти шуҳадои давлат ва ҳабиби сипоҳ афзуд, низоми султа дар давраи ахир наметавонад бо такя бар қудрати сахт дар муқобили қудрати нарми бархеста аз Инқилоби исломии Эрон муқовимат кунад.

Сардори Сулаймонӣ тасреҳ кард, кишварҳои аврупоӣ ва амрикоиҳо ба мусулмонон ҳамвора ҳаҷма ворид кардаанд, аммо роҳ ба ҷое набурдаанд.

Ба гуфтаи сардори Сулаймонӣ, бо вуҷӯди анвоъи ҳаҷмаҳо рӯзона миллионҳо бор номи Эрону Ҷумҳурии исломӣ дар расонаҳо такрор мешавад ва ин мавзӯ нишон медиҳад, масире, ки Эрон дар пеши чашми башарият гушӯда ҳамоно реша дар мактаби Ошӯро дорад.

Вай ҳамчунин гуфт, миллате, ки миллатҳои мазлӯми Яман, Фаластин, Лубнону Афғонистонро ҳимоят кард, Эрон буд ва имрӯз шароит барои Амрико ба гӯнае шуда, ки минтақаи ғарби Осияро тарк кардааст.

 

Барчасп