Тафсир- Нохушнудии Борелл аз раванди музокирот; таъкиди Эрон бар лузӯми рафъи ибҳомот
Мушовири тими музокиракунандаи Эрон дарбора лағви таҳримҳо, дар бораи иддаои ахири масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон халаъҳо ва ибҳомот дар тавофуқи эҳтимолиро нахоҳад пазируфт.
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе бидуни ишора ба Амрико ба унвони ноқизи тавофуқи БарҶом, гуфт, нисбат ба гузашта ба ҳусӯли тавофуқ дар Вена ҷиҳати эҳёии БарҶом, камтар умедвораст, музокирот бар сари тавофуқи ҳастаии Эрон ба ҷои наздик шудани назарот, дар ҳоли фосила гирифтани оро аст.
Муҳаммади Марандӣ дар паёме дар бораи ин изҳорот навишт: "Борелл Муттаҳиди иёлоти муттаҳида аст ва фаромӯш мекунад, ки далели ин музокирот нақзи БарҶом тавассути Ғарб ва таҳримҳои ҳаддиаксарӣ аст, ки шаҳрвандони эрониро ҳадаф қарор медиҳад, ҳатто дар шароите, ки Эрон ба таври комил ба он пойбанд будааст. Эрон халаъҳо ва ибҳомотро нахоҳад пазируфт. Иёлоти муттаҳида ҳазинаҳоеро бар Иттиҳоди Аврупо таҳмил мекунад."
Ҷозеп Боррел рӯзи 31 август ба ҳусӯли тавофуқ дар «рӯзҳои оянда» ибрози умедворӣ карда буд.
Дар воқеъ изҳороти рӯзи гузаштаи Бореллро метавон дар ростои изҳороти ҳафтаи гузаштаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико донист, ки посухи Эрон ба пешнависи пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо барои бозгашт ба тавофуқи БарҶомро «ғайрисозанда» тавсиф кард. Сухангӯи Кохи Сафед низ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба посухи Эрон ба матни пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо гуфт, Эрон набояд эҳёи тавофуқи ҳастаӣ мавсӯм ба БарҶомро ба таъаҳҳудоти подмонии худ машрӯт кунад.
Иттиҳодия аврупо ба унвони ҳамоҳангкунандаи музокирот, рӯзи ҳаштуми август ончиро ки «матни ниҳоӣ»-и тавофуқ хонда шуд, ба тарафҳои аслии ин гуфтугӯҳо ироа кард то дар сӯрати таъйид, заминаи эҳёи муҷаддади тавофуқеро фароҳам кунад, ки давлати Доналд Трамп дар соли 2018 Амрикоро ба сӯрати якҷониба аз он хориҷ ва таҳримҳои ҳаддиаксариро низ зидди Эрон эъмол кард, ин таҳримҳо дар давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури кунӯнии Амрико низ идома ёфтааст.
Бо таваҷҷуҳ ба собиқаи бадаҳдии Амрико ва беамалии аврупоиҳо дар иҷрои таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби БарҶом, Ҷумҳурии исломии Эрон аз ибтидои ин давр аз музокирот дар Вена таъкид кард, ҳар гуна тавофуқи эҳтимолӣ бояд мӯҷиби ҳазфи ҳар гуна аҳруми фишор алайҳи Эрон дар оянда ва ҳамчунин рафъи пойдор ва бо суботи таҳримҳо шавад, ба гӯнае манофеи иқтисодии Эронро тазмин кунад, чаро ки фиқдони шафофият дар таъаҳҳудоти тарафи муқобил метавонад, заминаи сӯиистифода ва тазйиъи ҳуқуқи Эрон аз ҳар гӯна тавофуқи эҳтимолиро ба вуҷӯд оварад.
Аз ҷумлаи мавориде, ки метавонад заминаи сӯиистифодаи тарафи муқобилро эҷод ва ба унвони аҳруми фишор алайҳи Эрон бакор равад, мавзӯи иддаоҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи бархе маконҳо дар Эрон аст, ки бо эъмоли нуфӯз ва иттиҳомоти беасоси режими саҳюнистӣ ва Амрико матраҳ мешавад.
Аз нигоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, дархост барои поён додан ба иддаоҳои сиёсӣ дар бораи падман, мавзӯи ҷадиде нест, чаро ки дар соли 2015 низ дар матни БарҶом таъаҳҳуди сиёсӣ барои махтӯма кардани иддаоҳо алайҳи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмилалии энержии атомӣ ироа шуда буд, бинобар ин махтӯма шудани мавзӯъоти подмонӣ, аз илзомоти як тавофуқи пойдор ва қобили иттико маҳсӯб мешавад.
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар нишасти хабарии ахир бо хабарнигорон таъкид кард, ки «тазминҳои итминоновар», «ростиозмоии айнӣ ва амалӣ», «рафъи таҳримҳо ба сӯрати маънодор ва пойдор» ва « баста шудани иддаоҳои сиёсӣ дар бораи падман» шурӯти меҳварӣ барои ҳусӯли тавофуқ аст.
Бадеҳист, Эрон бо ҳадафи дастёбӣ ба тавофуқ, пешниҳодот ва ибтикороти амалиро ба тарафҳои музокира ироа карда ва ҳатто аз худ инъитоф низ нишон додааст, акнӯн ба натиҷа расидани музокирот дар гарави тасмими сиёсии давлати Амрико ва поён додан ба таҳримҳо ва иддаоҳо зидди Эрон аст.