Тағйирёбии асосҳои тафаккури Ғарб равшан аст
Сухангӯи Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, тазалзул дар мабоонии андеша, иқтидор ва нуфузи майдонии Ғарб дар ду даҳаи ахир машҳӯд ва ба авҷи худ расидааст.
Генерал Абулфазли Шикорчӣ дар ҳамоиши басиҷи асотид дар Машҳад, маркази устони Хуросони Разавӣ, шимоли шарқи Эрон, афзуд, рақобатҳои ҷаҳонӣ барои қудратёбиҳои ҷадид дар байни кишварҳои ҷаҳон рангу бӯи дигаре пайдо карда ва дар чунин шароите дунёи Ғарб бо тазалзул ва чолишҳои фаровоне ҳамроҳ шудааст. Сардор Шикорчӣ бо ишора ба ҳузури Амрико дар Афғонистон, ки ҳамроҳ бо зарар ва зиён буд, гуфт, ҳамакнӯн низ ҷаҳони Ғарб дар ҳоли таҷрибаи буҳронҳои иқтисодии бесобиқае аст. Сардор Шикорчӣ бо баёни инки дар таҳдидҳои ҷаҳонӣ кишвари Ҷумҳурии исломӣ бо вуҷуди тамоми чолишҳо ва мушкилот, тамомии таҳдидҳоро табдил ба фурсат кард, тасреҳ кард, тавони дифоии Эрон дар солҳои ахир густариши матлӯбе пайдо кардааст. Вай бо ишора ба инки миллатҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Исломии Эронро ба унвони танҳо муқобилакунанда бо терроризм мешиносанд, афзуд, ҳамин амр маҳбӯбияти фаровонеро нисбат ба Эрони исломӣ дар байни миллатҳои мухталиф эҷод кардааст. Ҳамоиши асотиди басиҷи донишгоҳҳои Эрон бо ҳузури генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Машҳад баргузор шуд.