Гуфтугӯии вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон бо нахуствазири Ироқ дар бораи осонсозии тараддуди зоирони Арбаин
(last modified 2022-09-09T10:51:49+00:00 )
Сентябр 09, 2022 15:51 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи мақомоти Эрону Ироқ дар мавриди Арбаин
    Гуфтугӯи мақомоти Эрону Ироқ дар мавриди Арбаин

Вазири умури дохилӣ ё кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон бо нахуствазири Ироқ дидор ва дар бораи осонсозии тараддуди зоирони Арбаин ройзанӣ кард.

Вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳи вай рӯзи панҷшанбе бо Мустафо Козимӣ, нахуствазири Ироқ дидор ва дар бораи маросими Арбаин ва осонсозии тараддуди зоирон гуфтугӯ карданд.

20 сафари 1444 ҳиҷрии қамарӣ (17 сентябри 2022) Арбаин (40 рӯз пас аз шаҳодат)-и шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), набераи паёмбар (с) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Шумори зиёде аз мусулмонону пайравони адёни илоҳии дигар дар солҳои гузашта аз чанд рӯз монда ба Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), бо пиёдаравӣ аз шаҳри Наҷаф ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Ироқ, худро ба марқади мутаҳҳари эшон дар Карбалои муалло мерасонданд.