Вазири кишвари Эрон: Се миллион зоири Арбаъини ҳусайнӣ аз Эрон ба Ироқ рафтанд
(last modified 2022-09-13T13:01:09+00:00 )
Сентябр 13, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишвари Эрон: Се миллион зоири Арбаъини ҳусайнӣ аз Эрон ба Ироқ рафтанд
    Вазири кишвари Эрон: Се миллион зоири Арбаъини ҳусайнӣ аз Эрон ба Ироқ рафтанд

Вазири кишвари Эрон гуфт: Се миллион зоири Арбаъини ҳусайнӣ барои ширкат дар роҳпаймоӣ Арбаъини ҳусайнӣ аз Эрон хориҷ шуданд.

20 сафари соли 1444 қамари баробар бо 17 сентябри соли 2022 арбаъини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн(а) набераи Паёмбар(с) ва ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯзҳо барои ҳузур дар маросими Арбаъини Ҳусайнӣ(а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Теъдоди зиёди аз мусалмонон ва пайравони адёни илоҳии дигар дар солҳои гузашта аз чанд рӯз монда ба арбаъини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн(а) бо пиёдарави аз шаҳри аз шаҳри Наҷаф ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Ироқ худро ба марқади мутаҳҳари ишон дар Карбалои муъалло мерасонанд. Азимати зоирон Арбаъини ҳусайнӣ ба Карбалои муъалло дар чанд рӯз монда ба Арбаъин ба авҷ расида аст.

Ба гузориши ИРНА, Аҳмади Ваҳиди, вазири кишвари Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар поёнаи марзи Шаламча устони Хузистон ҷануби Эрон афзуд: Бо наздик шудан ба Арбаъини ҳусайнӣ теъдоди зоироне, ки қасди рафтан ба Ироқро доранд дар гузаргоҳҳои Арбаъин афзоиши аст.

Вазири кишвари Эрон бо баёни ин ки дар ҳар 6 поёнаи марзии Эрон бо Ироқ шароити матлуби барқарор аст гуфт: Ҳудуди як миллиону 450 ҳазор зоир пас аз ширкат дар маросими роҳпаймоӣ Араъин аз марзҳои шашгона ба кишвар боз гаштанд.

Вазири кишвари Эрон дар бораи мушкили тарадуди зоирони шаҳрвандони хориҷӣ низ афзуд: Мушкили рафту омади зоирони афғонистонӣ бартараф ва зоирони покистоннӣ низ метавонанд аз марзи заминӣ убур кунанд.

 

Барчасп