Сентябр 16, 2022 17:22 Asia/Dushanbe
  • Эъломи расмии узвияти Эрон дар СҲШ
    Эъломи расмии узвияти Эрон дар СҲШ

Нишасти расмии Шурои руасои ҷумҳури кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз дар Самарқанди Узбакистон расман оғоз ба кор кард.

Нишасти руасои ҷумҳурии кишварҳои узви Шанхай ба раёсати Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон баргузор шудааст.

Дар ин нишаст сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумла Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳузур доранд.

Ҳамчунин Жонг Минг, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ва Руслан Мирзоев, раиси Кумитаи иҷроии сохтори минтақаии зиддитерроризми ин созмон дар ин нишаст ҳузур доранд.

Дар ибтидои ин нишаст ба сурати расмӣ узвияти комили Эрон дар СҲШ тавассути раиси ҷумҳурии Узбакистон эълом шуд, ки бо ташвиқи ҳозирон ҳамроҳ шуд.

Табрики Си Ҷинпинг ба Раисӣ барои узвият дар СҲШ

Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин рӯзи ҷумъа дар дидор бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, Чин узвияти комили Эрон дар нишасти ояндаи Созмони Ҳамкории Шанхайро табрик мегӯяд ва дар садад аст то ҳамоҳангӣ ва ҳамкории худ бо Эронро дар чорчӯби ин созмон тақвият кунад.

Си Ҷинпинг ҳамчунин изҳор дошт, ки Чин аз Эрон дар ҳифозат аз ҳокимияту иззати миллиаш ҳимоят мекунад ва моил аст то бо ҳамкории Эрон усули адами дахолат дар умури дохилӣ ва посдошти манофеи муштарак дар кишварҳои дар ҳоли тавсеаро ҳифз кунад.