Дар дидор бо раисиҷумҳури Чин / Оятуллоҳи Раисӣ: Ҷумҳурии Исломии Эрон муқобили зургӯии Амрико кӯтоҳ нахоҳад омад
(last modified 2022-09-16T14:10:05+00:00 )
Сентябр 16, 2022 19:10 Asia/Dushanbe
  • Дар дидор бо раисиҷумҳури Чин / Оятуллоҳи Раисӣ: Ҷумҳурии Исломии Эрон муқобили зургӯии Амрико кӯтоҳ нахоҳад омад

Раиси Ҷумҳури Исломии Эрон, ҳамкориҳои роҳбурдии Эрону Чинро нишонаи иродаи ду кишвар барои тавсеаи ҳамаҷониба донист ва гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили зургӯии Амрико кӯтоҳ нахоҳад омад.

Оятуллоҳ Саидиброҳими Раисӣ рӯзи ҷумъа дар ҳошияи иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Узбекистон бо Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин дидор кард ва ду тараф дар бораи муҳимтарин масоили марбӯт ба муносиботи дуҷониба барои иртиқои ҳамкориҳои иқтисодӣ, гуфтугӯ ва тасмимгирӣ карданд.

Раисӣ дар ин дидор зимни табрики Рӯзи миллии халқи Чин ба раисиҷумҳур ва миллати Чин, аз мавозеъи созандаи ин кишвар дар раванди узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, қадрдонӣ ва аз нақшофаринии Чин барои узвияти Эрон дар созмони БРИКС низ истиқбол кард.

Раисиҷумҳури Эрони исломӣ афзуд,Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷӯди ҳамаи душманиҳо ҳаргиз мутаваққиф нашуда ва намешавад ва тавонистааст, масири пешрафту тавсеаи худро идома диҳад.

Оятуллоҳ Раисӣ барномаи ҳамкориҳои ҷомеъи роҳбурдии Эрон ва Чинро нишона ва намоди иродаи ду кишвар барои тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит донист ва изҳор дошт, зарфиятҳои густардаи мавҷӯд дар заминаҳои нафту энержӣ, транзит, кишоварзӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ бистар бисёр муносибе барои таъмиқ ва тавсеаи равобити иқтисодӣ байни ду кишвар аст.

Вай бо ишора ба бадаҳдии тарафҳои амрикоӣ ва аврупоӣ дар амал ба тааҳҳудоти рафъи таҳрим таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили зургӯии Амрико кӯтоҳ нахоҳад омад.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Чин ҳам дар ин дидор аз мавозеъи мустақили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуоти байналмилалӣ тақдир кард ва гуфт, равобити Эрон ва Чин равобите, роҳбурдӣ аст ва фориғ аз ҳар таҳаввули байналмилалӣ тавсеа хоҳад ёфт.

Си Ҷинпин бо ишора ба нақши муҳимми Эрон дар умӯри минтақаӣ байналмилалӣ гуфт, Чин аз узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар созмони БРИКС ҳимоят мекунад.

Дар ин дидор ҳамчунин Си Ҷинпин ба сурати расмӣ аз Раисӣ барои сафар ба Чин даъват кард.

Бештар бихонед: