Сентябр 19, 2022 08:42 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ роҳии Ню-Йорк шуд
    Раисӣ роҳии Ню-Йорк шуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар ҳафтодуҳафтумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, субҳи имрӯз Теҳронро ба мақсади Ню-Йорк тарк кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки бо ҳадафи таъмини манофеи миллати Эрон ва талош барои таҳаққуқи назми одилонаи байналмилалӣ аз тариқи чандҷонибагароии иқтисодӣ Теҳронро ба мақсади Ню-Йорк тарк кард, дар ин сафар илова бар суханронӣ дар ҳафтодуҳафтумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, бо теъдоде аз сарони кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишаст низ дидору гуфтугӯ мекунад.

Мулоқот бо сарони бархе кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ дар ин сафар пешбинӣ шудааст. Суханронӣ дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), ширкат дар нишасти адён, гуфтугӯ бо эрониёни муқими Амрико ва ҳузур дар ҷамъи асҳоби расона аз барномаҳои Раисӣ дар ин сафар эълом шудааст.

Ҳамчунин қарор аст дар поёни сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ню-Йорк, Раисӣ дар конфронси матбуотӣ бо ҳузури намояндагони расонаҳои дохиливу хориҷӣ, ба суолоти онҳо посух диҳад.