Бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аъзои даври ҷадиди Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом таъин шуданд
(last modified 2022-09-20T15:26:48+00:00 )
Сентябр 20, 2022 20:26 Asia/Dushanbe
  • Бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аъзои даври ҷадиди Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом таъин шуданд
    Бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аъзои даври ҷадиди Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом таъин шуданд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳукми аъзои даври ҷадиди Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низомро таъин карданд.

Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом аз ниҳодҳои аслии низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки муҳимтарин масъулияташ ҳалли ихтилоф миёни Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон аст, теъдоди аъзои ин маҷмаъ 44 нафар собит ва 1 нафар меҳмони мутаносиб бо мавзуъи ҷаласа аст, ки аъзои собит ҳар 5 сол якбор ва бо ҳукми Раҳбари инқилоб интихоб мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дар бахши аз ҳукми Раҳбари инқилоби исломӣ омада аст:

Бо ҳидоят ва инояти илоҳӣ даври ҷадиди Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом оғоз мешавад ин маҷмаъ аз муҳимтарин ниҳодҳои қонунӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мутаъаҳид ба ду масъулияти асоси аст: Аввал ташхиси маслиҳат дар ҳангоми мувоҷеҳаи маҷлис бо шӯрои нигаҳбон, ки мусталзими нигоҳи амиқ ва маслиҳатшинос ва иҳота ба ҳақоиқи кишвар аст ва дувум нақши вижа ва муассир дар таъини сиёсатҳои куллии низом, ки мутазамини роҳбурдитарин тасмимҳо дар идораи умури кишвар аст.

Дар бахши дигари аз ҳукми Раҳбари инқилоби исломӣ омада аст: Акнун бо ташакур аз аъзои муҳтарам дар даври қабли ва тақдир аз талошҳои онҳо ва бо талаби раҳмату мағфират барои даргузаштагон, ҳазрати оятулло Хоманаӣ аъзои даври панҷсолаи нуҳумро ба ин шарҳ таъин мекунад:

Раиси Маҷмаъ: Ояутллоҳ оқои ҳоҷи шайх Содиқи Омулӣ

Шахсиятҳои ҳуқуқӣ: Рисони муҳтарами қуваҳои сегона, фақиҳони муҳтарами Шӯрои нигаҳбон (дар мавориди баҳси ташхиси маслиҳат), раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ, вазир ё раиси дастгоҳое, ки мавзуъи мавриди баҳс ба он дастгоҳ марбут аст, раиси камисяи марбут бо мавзуъи баҳс дар Маҷлиси шӯрои исломӣ.

Шахсиятҳои ҳақиқӣ:  Ҳуҷатулислом оқои ҳоҷи шайх Ҳасани Санъонӣ, оқои Қурболаи Даринаҷафободӣ, оқои Маҳмуди Маҳаммади Ироқӣ, оқои Маҷиди Ансорӣ, оқои Ғуломризо Мисбоҳи Муқадам ва оқои Муҳсири Ароки.

Ҳазарот: Оқои Ғуломризо Оқозода, оқои Алӣ Оқомуҳаммадӣ, оқои Алиакбари Аҳмадиён, оқои Маҳмуди Аҳмадинажод, оқои Муҳаммадҷаводи Иравонӣ, оқои Муҳаммадризо Боҳунар, оқои Аҳмади Тавакулӣ, оқои Саъиди Ҷалилӣ, оқои Ғуломризо Ҳадоди Одил, оқои Сайидкамоли Харозӣ, оқои Довуди Донишҷаъфарӣ, оқои Парвизи Довудӣ, оқои Муҳаммадбоқири Зулқадр, оқои Муҳсини Ризои, оқои Сайидмуҳаммади Садр, оқои Алӣ Лориҷонӣ, оқои Ҳусайнӣ Муҳаммадӣ, оқои Муҳаммади Мухбир, оқои Ҳусайни Музафар, оқои Сайидмустафо Мирсалим, оқои Сайидмуртазо Набавӣ, оқои Алиакбари Вилоятӣ, оқои Содиқи Воъиззода ва оқои Аҳмади Ваҳидӣ.

Аз Худованди мутаъол тавфиқи ҳазароти муҳтарамро масъалат мекунам.

Сайид Алӣ Хоманӣ

29 шаҳривари 1401