Сентябр 28, 2022 10:04 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани моҳи рабеъ-ул-аввал

Чаҳоршанбе якум моҳи рабеъ-ул-аввали 1444 ҳиҷрии қамарӣ аст.

Ҳар чанд дар тамоми моҳҳо Худованд ҳамвора баракоташро барои инсонҳо арзонӣ доштааст ва тамоми айём пурбаракат ҳастанд, аммо бархе аз рӯзҳо ва моҳҳо аз вижагӣ ва шодии афзунтаре дар миёни мусулмонон бархӯрдоранд.

Моҳи раби ул-аввал ҳамонгуна, ки аз исми он пайдост, баҳори моҳҳост.

Милоди Паёмбари Ислом (с), имом Содиқ (а) ва оғози имомати ҳазрати Меҳдӣ (а) дар ин моҳ воқеа шудааст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар фазляти моҳи раби ул-аввал гуфтаанд: "моҳи раби ул -аввал, ба маънои ҳақиқии калима, раби ул ҳаёт ва баҳори зиндагист; зеро дар ин моҳ, вуҷӯди муқаддаси Паёмбари гиромӣ ҳазрати Муҳаммад(с) ва ҳамчунин набераи бузургвораш ҳазрати имом Содиқ(а) вилодат ёфтаанд ва вилодати Пайғамбар(с) сароғози ҳамаи баракоте аст, ки Худои мутааол барои башарият муқаддар фармӯдааст."

Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳулули моҳи раби ул-аввалро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегуяд.

 

Барчасп