Сентябр 29, 2022 09:03 Asia/Dushanbe
  • Бо 73 мушаки баллистик маҳали истиқрори террористҳо ҳадаф қарор гирифтааст

Фармондеҳи нереи заминии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, токунун 73 фарванд мушаки баллистики замин ба замин ва даҳҳо фарванд паҳподи инҳидомӣ ба таври дақиқ ба мавозеъ ва аҳдофи мавриди назар дар маҳали истиқрору фаъолияти террористҳо дар минтақаи Курдистони Ироқ исобату мунҷар ба инҳидоми комили онҳо шудааст.

Генерал Муҳаммади Покпур, фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба амалиёти размандагони қароргоҳи Ҳамза саид ул шуҳадо ( ъ ) ба мақарҳои террористҳои таҷзияталаби афзуд, дар ин амалиёт мақарҳои террористҳо дар умқи минтақаи Курдистони Иро мавриди исобат қарор гирифт. Генерал Покпур тасреҳ кард, дар марҳалаи ҷадиди амалиёт ба мақарҳои террористҳои таҷзияталаб, ки дар 42 нуқтаи пароканда ва дар мавориде аз ҳамдигар 400 километр фосила доштаанд, мақарҳои террористҳои таҷзияталаб, ки ба таври қатъӣ мутаъаллиқ ба гуруҳакҳои террористии зиддиэронӣ будааст, мунҳадим шуд.

Вай бо ишора ба лузуми тасмимгирии мақомоти минтақаи Курдистони шимоли Ироқ барои ҷамъоварии бисоти гуруҳакҳои террористии зидди инқилобу тавтеъагари зиди Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, амалиёти размандагони Ислом то халъи силоҳи комили гуруҳакҳои зидди инқилобу террористии таҷзияталаби лона карда дар минтақаи Курдистони Ироқ идома дорад.

Қароргоҳи Ҳамза саид ул шуҳадои рӯзи чаҳоршанбе бо мушакҳои нуқтазану паҳподҳои инҳидомӣ мақарҳои террористҳои таҷзияталабро ҳадаф қарор дод. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шанбе 24 сентябр ҳам амалиёти оташборӣ ва тупхонаии худро зидди террористҳои таҷзияталаб дар минтақаи Курдистони Ироқ оғоз карда буд.