Паёми таслияти Раҳбари инқилоб дар пайи даргузашти оқои Ҳоҷи Муҳсини Лаббонӣ
(last modified Fri, 30 Sep 2022 12:21:20 GMT )
Сентябр 30, 2022 17:21 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари инқилоб ба марҳум Лаббонӣ
    Паёми таслияти Раҳбари инқилоб ба марҳум Лаббонӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашти абди солеҳу муъмини басир -  оқои Ҳоҷи Муҳсини Лаббониро таслият гуфтанд.

Матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Даргузашти абди солеҳу муъмини басир - марҳум оқои Ҳоҷи Муҳсини Лаббониро ба хонадону бозмондагон ва низ дӯстону ҳамкорони он марҳум таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати илоҳӣ барои эшон масъалат менамоям.

Ҳоҷи Муҳсини Лаббонии Мутлақ, яке аз пирғуломони аҳли байти исмату таҳорат (а) ва аз ёрони дерини имом Хумайнӣ (раҳ) ва мақоми муаззами раҳбарӣ буд.

Марҳум Лаббонӣ, ки умреро дар роҳи Ислому аҳли байт (а) гузаронду савобиқи муборизоте бо режими ситамгари шоҳаншоҳиро дар тӯли умри бобаракати худ дошт.