Октябр 03, 2022 12:45 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ аз мардуми Эрон барои ноком гузоштани душманон ташаккур кард
    Раисӣ аз мардуми Эрон барои ноком гузоштани душманон ташаккур кард

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба нақши муҳиму муассири табйини дақиқи ҳаводис дар огоҳии ҳамаи мардум ва ноком мондани тарроҳиҳои душман гуфт, душман аз ҳаракати Эрон дар масири пешрафт асабонӣ аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ишора ба дастовардҳои давлати сенздаҳум дар арсаҳои мухталиф, ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ гуфт, имрӯз душман ҳамаи талоши худро ба кор баста то монеи пешрафти кишвар ва рифоҳу осоиши миллати Эрон шавад.

Раисӣ афзуд, душман аз талошҳои суратгирифта барои рафъи ниёзҳои асосӣ ва ҳаракати Эрон дар масири пешрафт, он ҳам бидуни ҳеч гуна ақибнишинӣ аз усул асабонӣ буда ва дар садади зарба задан ба кишвар аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон талош барои пешрафти кишвар ва рафъи мавонеу мушкилоти мавҷудро муҳимтарин роҳи муқобила бо тавтеаҳои душман донист ва гуфт, душман ҳамвора ба дунболи он аст, ки аз заъфҳо баҳрабардорӣ кунад, аммо рафъи мушкилоту ҳусни анҷоми вазифа фурсати ҳар гуна мавҷсавориро аз душман мегирад.

Раисӣ ҳамчунин бо ташаккур аз мардуми Эрон барои ноком гузоштани душманону тавтеагарон дар иғтишошоти ахир таъкид кард, давлати Эрон мусаммам аст бо хидмати шабонарӯзӣ душманонро дар расидан ба аҳдофи шумашон ноком гузорад.

 

Барчасп