Октябр 04, 2022 22:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории роҳпаймоӣ
    Баргузории роҳпаймоӣ "Ёрони Маҳдӣ(а) ёварони Раҳбарӣ" фардо дар Теҳрон

Роҳпаймоӣ "Ёрони Маҳдӣ(а) ёварони Раҳбарӣ" дар маҳкумияти иғтишошоти ахир ва посдори аз арзишҳои инқлоби исломӣ фардо чаҳоршанбе бо ҳузури ақшори мухталифи мардуми Теҳрон баргузор мешавад.

Ба баҳонаи фавти Маҳсо Аминӣ дар рӯзҳои ахир унсурҳои иғтишошгарон бо таҳрики расонаҳои душманон ва зидди инқилоб дар бархе шаҳрҳои Эрон бо ҳузур дар хиёбонҳо ба тахриби амволи умуми иқдом карданд.

Маркази иттилоърасонии полиси Теҳрон 15 сентябр дар пайи интишори ахбор дар бораи бадҳол шудани як хонуми ҷавон пас аз интиқол ба як мақари интизомӣ эълом кард: Маҳсо Аминӣ, ки барои тавзеҳ ва омӯзиш ба яке аз бахшҳои полиси Теҳрон ҳидоят шуда буд дучори оризаи қалби шуд, ки билофосила бо ҳамкории полис ва ёрии таъҷили ба бемористон интиқол ёфт, аммо мутаъасифона даргузашт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо роҳпаймоӣ "Ёрони Маҳдӣ(а) ёварони Раҳбари" ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати имом Ҳасани Аскари(а) дар Теҳрон баргузор мешавад.

Фардо чаҳоршанбе 8 рабиулаввал соли 1444 ҳиҷри қамарӣ баробар бо 5 октябр соли 2022 солрӯзи шаҳодати ёздаҳумин ахтари осмони имомат ва вилояти имом Ҳасани Аскари(а) аст.

8 рабиулаввали соли 260 ҳиҷри қамарӣ имом Ҳасани Аскари(а) аз наберагони поки Расули Акрам(с) дар шаҳри Сомиро шимоли Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп