Эрон ҷузви 10 кишвари бартари дунё дар ҳавзаи пажӯҳишҳои корбурдии Нано
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i92308-Эрон_ҷузви_10_кишвари_бартари_дунё_дар_ҳавзаи_пажӯҳишҳои_корбурдии_Нано
Дабири Ситоди тавсеаи фанноварии Нанои Эрон гуфт, ҳамакнӯн Эрон ҷузви 10 кишвари бартари дунё дар ҳавзаи пажӯҳишҳои корбурдӣ дар заминаи фанноварии Нано маҳсӯб мешавад, ки танаввуъи технологӣ ва маҳсӯлоти тиҷорӣ шуда, аз ҷумла илали ин пешрафт аст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 08, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузви 10 кишвари бартари дунё дар ҳавзаи пажӯҳишҳои корбурдии Нано

Дабири Ситоди тавсеаи фанноварии Нанои Эрон гуфт, ҳамакнӯн Эрон ҷузви 10 кишвари бартари дунё дар ҳавзаи пажӯҳишҳои корбурдӣ дар заминаи фанноварии Нано маҳсӯб мешавад, ки танаввуъи технологӣ ва маҳсӯлоти тиҷорӣ шуда, аз ҷумла илали ин пешрафт аст.

Саиди Саркор, дабири Ситоди тавсеаи фанноварии Нанои Эрон, дар бораи рутбаи илмии Эрон дар минтақа ва ҷаҳон дар ҳавзаи тавлиди илм дар заминаи Нанофанноварӣ гуфт, дар минтақа рутбаи аввалро дорем ва ҳамакнӯн дар дунё дар ҳавзаи тавлиди илм дар заминаи Нано дар рутбаи 4 баъд аз кишварҳои Чин, Амрико ва Ҳинд қарор дорем ва болотар аз кишварҳои аврупоӣ ва Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар бахши тавсеаи илмӣ дар заминаи Нано маҳсӯб мешавем .
Вай дар идома таъкид кард, ҳудӯди 1200 маҳсӯли мубтанӣ бар фанноварии Нано дар 18 ҳавзаи санъатӣ ба дасти пажӯҳишгарони Эрон тавлид шуда ва маҳсӯлоти эронӣ қобилияти рақобатпазирӣ аз назари кайфият ва қиматро доранд.
Саиди Саркор дар идома гуфт, фурӯши маҳсӯлоти Нано дар чанд соли ахир рушди 100 дарсадиро дар ин ҳавза таҷриба кардем.


Бештар бихонед: