Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ
(last modified Sat, 08 Oct 2022 06:43:15 GMT )
Октябр 08, 2022 11:43 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ

Барномаҳои Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри таърихӣ ва зебои Табрез, маркази устони Озарбойҷони шарқӣ, шимоли ғарби Эрон, бо ҳузури ҳунармандони тоҷику эронӣ баргузор шуд.

Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон бо ҳамкории вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон, вазорати фарҳанги Тоҷикистону сафорати ин кишвар дар Теҳрон, сеюм то 8 октябри 2022 ба тартиб дар калоншаҳрҳои Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор шудааст.

Иҷрои мусиқии тоҷику туркӣ, шеърхонӣ тавассути шоирони тоҷикистонӣ ва эронӣ, нишасти ҳамандешии ҳунармандони Тоҷикистону Эрон, намоиши осори наққошони тоҷику дигар барномаҳои фарҳангӣ дар ҷараёни баргузории Рӯзҳои ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Табрез анҷом шуд.

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Табрез бо ҳузур дар оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ, шоири пуровозаи тоҷик ва гулборони мақбараи ин шоир тавассути ҳунармандони тоҷикӣ ҳамроҳ шуд ва сипас ҳунармандони тоҷику эронӣ ба ҳунарнамоӣ пардохтанд.

Зафар Муҳаммадӣ, ройзани сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар Табрез гуфт, қарор доштани оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар Табрез пули иртиботи фарҳангии ду кишвар аст.

Сурайё Ҳакимзода, шоири тоҷикистонӣ гуфт, иртибототи фарҳангии Эрону Тоҷикистон сабаби густариши ҳамкориҳои ду кишвар мешавад.

Барномаҳои Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон душанбеи гузашта дар минтақаи фарҳангии гардишгарии арозии Аббосободи Теҳрон гушоиш ёфт ва дар шаҳрҳои Табрезу Шероз идома ёфт.

Бештар бихонед: