Октябр 10, 2022 13:44 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Ғарбиҳо ба роҳатӣ аз хутути қирмизи худ убур мекунанд
    Раҳбари инқилоби исломӣ: Ғарбиҳо ба роҳатӣ аз хутути қирмизи худ убур мекунанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон таҳримҳои варзишӣ баъд аз ҷанги Украинаро муҷиби ранг бохтани иддаоҳои мустакбирону дунболаравҳои онҳо дар бораи дахолат надодани сиёсат дар варзиш донистанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори дастандаркорони Конгресси шуҳадои варзишкор ва ҷамъе аз модарони шуҳадои варзишкор, ки дар 11 сентябри 2022 баргузор шуда буд ва имрӯз (душанбе) дар маҳалли баргузории ин ҳамоиш дар Теҳрон мунташир шуд, афзуданд: Таҳримҳои варзишӣ нишон дод, ҳар ҷо манофеи ғарбиҳо иқтизо кунад, ба роҳатӣ аз хутути қирмизи худ убур мекунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо таъкид бар лузуми ҳамроҳ кардани пирӯзии фаннӣ дар майдон бо пирӯзии арзишӣ тасреҳ карданд, ин ки варзишкори эронӣ ба иллати мусобиқа надодан бо фиристодагони режими саҳюнистӣ аз медал маҳрум мешавад, дар воқеъ як пирӯзӣ аст, зеро ки мусобиқа додан ба маънии ба расмият шинохтани режимии ғосиб, ҷаллод ва кӯдаккуш ва поймол кардани пирӯзии ахлоқӣ ба баҳои пирӯзии фаннӣ ва зоҳирӣ аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ арзиш надорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ муҳити кунунии варзишро мутаассир аз маънавияти шуҳадои варзишкор донистанд ва бо баршумурдани ҷилваҳое аз тадайюну пойбандии варзишкорон эронӣ гуфтанд: Ҳузури бонуи варзишкор бар сакуи қаҳрамонӣ бо ҳиҷоби исломӣ ва даст надодан бо марди бегона, эҳдои медалҳои қаҳрамонӣ ба хонаводаҳои шуҳадо, сар ба хок сойидану зикри номи аиммаи ҳудо пас аз пирӯзӣ ва азимати ҳайати варзишӣ ба зиёрати Арбаин, падидаҳои шигарфу бебадиле дар дунёи моддӣ ва пур аз фасоди имрӯз аст, ки барои шинохти аъмоқи рӯҳиву ахлоқии миллати Эрон бояд мавриди тавваҷуҳ қарор бигиранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ варзишкоронро ба ҳифзи шарафу обрӯи худу миллату кишвар бо муроқибат аз рафторашон дар майдони мусобиқаву хориҷ аз он тавсия карданд ва афзуданд: Дар гузашта муҳити варзишии мо ҳамеша ба номи Худо ва аиммаи маъсумину ҷанбаҳои диниву ахлоқӣ ороста буд, аммо ғарбиҳо саъй карданд ҳамроҳ бо варзишҳои ҷадид, фарҳанги худро низ ворид кунанд, ки бояд зимни фарогириву пешрафт дар варзишҳои ҷадид, фарҳанги худро ғолиб кунем ва нагузорем варзиш ба пуле барои вуруди фарҳанги ғарбӣ табдил шавад.

 

Барчасп