Амирабдуллоҳиён : Эрон ҳеҷ силоҳе дар ихтиёри тарафҳои даргир дар ҷанги Украина қарор надодааст
(last modified 2022-10-15T08:43:19+00:00 )
Октябр 15, 2022 13:43 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Эрон ҳеҷ силоҳе дар ихтиёри тарафҳои даргир дар ҷанги Украина қарор надодааст

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯии телефонӣ бо вазири умӯри хориҷаи Португалия таъкид кард : Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳеҷ унвон силоҳ барои ба коргирӣ дар ҷанги Украина дар ихтиёри ҳеҷ тарафе қарор надода ва нахоҳад дод .

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар гуфтугуи телефонӣ бо Жоу Гомес Кройинио- вазири умӯри хориҷаи Португалия  дар хусӯси бархе мавзӯъоти муртабит бо муносиботи дуҷониба ва ҳамчунин масоили байналмилалии мавриди иҳтимоми муштарак гуфтугӯ ва табодули назар кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тарафайн дар ин гуфтугу бо ишора ба беш аз панҷ қарн равобити хуб миёни ду кишвар бар густариш ҳар чи бештари ин равобит таъкид карданд .
Амирабдуллоҳиён дар мавзӯи Украина гуфт : Мусаллаҳсозии ҳар яке аз тарафайни буҳрон  боиси тӯлонитар шудани ҷанг хоҳад шуд, бинобарин ба ҳеҷ ваҷҳ ҷангро роҳи муносибе на дар Украина ва на дар Афғонистон, Сурия ва Яман надониста ва намедонем .
Амирабдуллоҳиён хотирнишон кард : Кишваре ҳастем, ки дар Ғарбу Шарқ бо гуруҳҳои террористие монанди Алқоъида, Ҷайшуладл ва ДИИШ мувоҷеҳем. Ҳамчунин дар ҳафтаҳои ахири шоҳиди вуруди аслиҳа аз марзҳои ғарбӣ ва шарқии кишвар будаем .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Бархе кишварҳо дар изҳороти мудохилаҷӯёна мавзӯи иғтишошоту фаъолиятҳои террористиро ба унвони эътироз талаққӣ карда ва дар амал боиси таҳрики иғтишошгарону террористҳо мешаванд ва ҳатто мавзӯи судури қатънома ё таҳримҳоеро дар нишасти ояндаи Шӯрои вазирони Иттиҳодияи Аврупо дар дастури кори худ қарор додаанд, ки дар сӯрати чунин иқдоме Ҷумҳурии исломии Эрон иқдоми мутақобил хоҳад кард .
Вазири умӯри хориҷаи Португалия низ зимни таъкид бар пешинаи тӯлонии равобити хуби миёни ду кишвар аз мавозиъу иқдомоти Ҷумҳурии исломии Эрон дар тадовуми музокироти ҳастаӣ ва ба хусӯс таъомули густардатар бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ истиқбол кард .
Кройинио хостори тадовуми ҳамкориҳои Эрон дар ростои коҳиши буҳрон дар Украина шуд ва бо хонаводаи тамоми осебдидагони ҳаводиси ахир аз ҷумла неруҳои интизомӣ ва амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон ибрози ҳамдардӣ кард .

Бештар бихонед :

 

Барчасп