13 медали тими варзишҳои сабуки навҷавонони Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i92708-13_медали_тими_варзишҳои_сабуки_навҷавонони_Эрон_дар_мусобиқоти_қаҳрамонии_Осиё
Тими варзишҳои сабуки духтарону писарони Эрон дар поёни мусобиқоти қаҳрамонии навҷавонони Осиё 13 медали рангоранг касб карданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 17, 2022 09:42 Asia/Dushanbe
  • 13 медали тими варзишҳои сабуки навҷавонони Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Тими варзишҳои сабуки духтарону писарони Эрон дар поёни мусобиқоти қаҳрамонии навҷавонони Осиё 13 медали рангоранг касб карданд .

Рақобатҳои варзишҳои сабуки қаҳрамонии навҷавонони Осиё аз 13 то 16 октябр ба мизбонии Кувайт баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими варзишҳои сабуки духтарону писарони Эрон дар ин мусобиқот чаҳор медали тилло, чаҳор медали нуқра ва панҷ медали бринҷӣ касб карданд .
Тими миллии Эрон бо 25 варзишкор дар ин мусобиқот ширкат кард .