Октябр 20, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таҳрим  ҳимояти риёкоронаи Ғарб аз ҳуқуқи башарро ошкортар мекунад

Вазири умӯри хориҷаи Эрон бо баёни инки таҳримҳо мардуми одиро ҳадаф қарор медиҳад ва ба гуруҳҳои осебпазир беш аз ҳама зарба мезанад, таъкид кард : Идомаи таҳрим ҳимояти риёкоронаи Ғарб аз ҳуқуқи башарро ошкортар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар Твиттер навишт : Имрӯз дар боздид аз маркази ҳомии кӯдакони парвонаӣ дидам, ки таҳримҳои ғайриинсонӣ чи ранҷҳои дарднокеро барои ин кӯдакон рақам задааст .
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамроҳи Носир Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон аз маркази беморони парвонаӣ боздид ва аз наздик дар ҷараёни мушкилот ва ниёзҳои онҳо ба вижа набуди бинти мавриди ниёзи онҳо қарор гирифт .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар бораи боздидаш аз ин марказ навишт : Бадани наҳифу шиканандаи парвонаиҳои Эрон ниёзманди бинтҳоест, то соъоти оромиш ба онҳо ҳадя кунад, аммо ин марҳам  солҳост ки ба далели таҳрими Амрико ва ҳамроҳии Аврупо аз онҳо дареғ шудааст .
Амирабдуллоҳиён пурсид : Оё вақти он нарасида ки муслеҳони ҷаҳон ва низ муддаиёни ҳуқуқи башар аз худ бипурсанд, чи иртиботе миёни шиорҳои ҳуқуқи башарӣ ва таҳрими содироти бинти беморони  парвонаӣ ва ё доруи беморони хос ба Эрон вуҷуд дорад ? таърих аз мо хоҳад пурсид ки дар кадоми самт истодаем  , оё посухи холӣ аз шарм дорем ?

 

Барчасп